JW subtitle extractor

Ҳама вақт дуо гӯй!

Video Other languages Share text Share link Show times

Ҳама рӯз, ҳама вақт, дар ҳар ҷо
Ба Худоям ман гӯям дуо.
Баъди хоби роҳат
Даррав гӯям раҳмат —
Ҳастам дуогӯяки Яҳува.
«Шапараку гулҳои хандон
Чӣ хушрӯянд, раҳмат, Худоҷон!»
Вақте гӯям дуо
Таги дил, бе садо,
Ҳар як гапамро ӯ мешунавад.
Ҳама рӯз, ҳама вақт, дар ҳар ҷо
Ба Худоям ман гӯям дуо.
Пеш аз хоби ширин
Чун ба дӯсти қарин
Ба Худоям ман гӯям дуо.